Таҳкими мубориза алайҳи бемориҳои сироятӣ
 17.12.2009 16:48
 Муаллиф: Сафо САФАРОВ
Бахшида ба оғози татбиқи бурсҳои Даври 8-уми Хазинаи Глобалӣ оид ба ВИЧ/СПИД, сил ва табларза 18-уми ноябр дар толори пазироии меҳмонхонаи «Тоҷикистон» чорабинии тантанавӣ доир гардид.
Дар он муовини аввали вазири тандурустии ҶТ Саида Ҷобирова, Сарвари Кишварии Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон Растислав Врбенски, ҳамчунин намояндагони Кумитаи Миллии Ҳамоҳангсозӣ, Хазинаи Глобалӣ, вазорату идораҳои давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятию байналмилалӣ ва расонаҳои хабарӣ ширкат варзиданд.

Зимни суханронӣ дар ин маросим муовини аввали Вазири тандурустии ҶТ Саида Ҷобирова изҳор дошт, ки бидуни дастгирии шарикони байналмилалӣ ва маблағгузории пеш аз ҳама Хазинаи Глобалӣ ҳалли мушкилоти вобаста ба бемориҳои СПИД, сил ва табларза дар Тоҷикистон ғайриимкон буд. Номбурда афзуд, ки мавҷудияти чунин ҳамкорӣ заминаи дастовардҳои назаррас дар самти пешгирии густариши ин бемориҳои сироятӣ мебошад.
Ҳамзамон Сарвари Кишварии БРСММ Растислав Врбенски гуфт, ки дар 5 соли оянда Тоҷикистон 95 миллион доллар ҷиҳати мубориза бо ВИЧ, сил ва табларза дарёфт мекунад. Ба гуфтаи ӯ, ин муваффақият ба шарофати ҳамкории тамоми бахшҳо, дастгирии фаннии Оҷонсиҳои СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ, амалисозии самарабахши бурсҳои қаблӣ, касбияти татбиқгарони онҳо ва гирандаи асосӣ - Барномаи Рушди СММ имконпазир гардид.
«Ҳадафи аслии бурсҳои Даври 8-ум барҳам додани бемории табларза дар кишвар, ба табобат фаро гирифтани беш аз 700 мубталои шакли мутобиқгаштаи сил, инчунин ҳамасола пешниҳоди машварати ихтиёрӣ ва муоина ба вируси норасоии масунияти одам барои 250 ҳазор нафар мебошад», - таъкид дошт Р.Врбенски.

Дар ҷараёни маросим масъулини Вазорати тандурустии ҶТ ва Барномаи Рушди СММ бо имзои як қатор санадҳои расмӣ ба амалисозии Даври 8-ум дар Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшиданд.
Сипас қисмати ғайрирасмии чорабинӣ шурӯъ гардид, ки дар он ҳозирин имкон доштанд, аз намоишгоҳи аксбардори сатҳи ҷаҳонӣ Ҷон Реа баҳравар шаванд. Номбурда ин аксҳоро зимни боздиди ахири омӯзишиаш аз раванди амалисозии тарҳу барномаҳои Хазинаи Глобалӣ дар Тоҷикистон таҳия кардааст.
Сӯҳбату машварати шарикону меҳмонон дар ҳавои мусиқии симфонии чаҳоргонаи мутрибони чирадаст соате дигар идома пазируфт.
БО МУСОИДАТИ БРСММ ДАР ТОҶИКИСТОН ОМОДА ГАРДИД


 Система комментирования от
|