Саҳифаи асосӣ Русский | English | Тоҷикӣ Чун саҳифаи шурӯъ пазируфтан | Илова ба мунтахабот



Ном: Рамз:
Рамзро фаромӯш кардед? |
Ҷустуҷӯ:
Маҷмӯи хидматҳо Аксҳо Тамос Бойгонии мақолаҳо Робита бо мо
ДАР БОРАИ МО

«АЗИЯ-ПЛЮС» - 13 СОЛ ДАР ФАЗОИ ИТТИЛООТӢ!

 

Боэътимодии аз санҷиши замонаву вақт сарбаландона гузашта.

 

«ASIA-Plus» оҷонсии иттилоотии мустақили Тоҷикистон мебошад. Дар Вазорати адлияи ҶТ соли 1995 ба қайд гирифта шудааст.

 

Моҳи апрели соли 1996 бо забони англисӣ ва русӣ нахустин шумораи хабарномаи таҳлилии оҷонсии «Азия-Плюс» нашр гардид. Аз моҳҳои аввалини фаъолият ба маҷмӯи хидматгузориҳои оҷонсӣ ҳамаи сафоратхонаҳои муқими Тоҷикистон, созмонҳои байнулмилалӣ ва ташкилотҳои тиҷоратӣ обуна шуданд. Соли 1998 оҷонсӣ ба нашри хабарномаи ҳамарӯзаи «АП-Битс» шурӯъ кард. Фаслҳои асосии он аз «Ҳокимият», «Сиёсат», «Амният», «Иқтисод», «Ҷомеа», «Осиёи Марказӣ» ва ғайра иборат мебошанд.

 

ОИ «Азия-Плюс» дар пойтахт ва минтақаҳои ҷумҳурӣ (Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Панҷакент, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Хоруғ, Рашт) шабакаҳои мухбирони худро таъсис дод ва ба яке аз сарчашмаҳои мӯътамади иттилооти фаврӣ табдил ёфт. Беҳуда нест, ки солҳои ахир дар расонаҳои хабарии ҷаҳон ба ОИ «Азия-Плюс» чун манбаи иттилооти маҳаллӣ оид ба ҶТ бештар ишора мекунанд. Шиори мо - ВОҚЕИЯТ, ЗУДРАСӢ, МУСТАҚИЛИЯТ аст. Имрӯз Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Тоҷикистон, вазорату муассисоти ҷумҳурӣ, бонкҳо, сохторҳои бузурги тиҷоратӣ истифодабарандагони хидматгузориҳои оҷонсӣ мебошанд. Аз хабарномаи оҷонсӣ бо забони англисӣ дафтари кории САҲА (Вена), сохторҳои махсуси СММ (UNHCR, UNICEF, UNDP, UNWFP, UNODCCP), Бонки таҷдид ва рушди Аврупо, Бонки ҷаҳонӣ, Бунёди Оғохон, бунёди маълумоти компютерии машҳури ҷаҳон «Dow Jones», Корпоратсияи радиову телевизиони ВВС (Лондон), радиои «Озодӣ» (Прага), дафтари кории Бонки рушди Осиё (Манила) ва чанде дигар созмону ташкилотҳои маъруфи дунё истифода мекунанд. Айни замон оҷонсӣ ҳамчунин хабарномаи ҳафтаинаи «Тоҷикистон: нигоҳе ба сиёсат» ва хабарномаи электронии моҳонаи «Тоҷикистон: нигоҳе ба иқтисод»-ро низ ба табъ мерасонад.

 

24-уми феврали соли 2005 оҷонсӣ бо Нишони Тиллоии «Ҳомӣ ва хайрхоҳи фахрӣ. Барои афкору кори наҷиб»-и Бунёди байнулмилалии хайрияи «Ҳомиёни аср» (Маскав) сарфароз гардид. Оҷонсӣ ҷоизадори Намоишгоҳи байнулмилалии касбии «Матбуот-2005» (Маскав) мебошад. Аз моҳи марти соли 2005 оҷонсӣ дар ҳамдастӣ бо як қатор шарикони гурӯҳҳои иттилоотӣ ва таҳлилии Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон дар лоиҳаи «Central Asian Gateway» иштирок мекунад. Моҳи майи соли 2008 Вазорати фарҳанги ҶТ оҷонсиро дар фазои медиа ва иттилооти Тоҷикистон аз беҳтаринҳо донист. Ҳамаи хабарнигорони оҷонсӣ, ки беш аз як сол собиқаи корӣ доранд, аълочиёни матбуот мебошанд.

 

Оҷонсии иттилоотии «Азия-Плюс» муассиси гурӯҳи медиа аст, ки аз соли 2000 ҳафтаномаи ҷамъиятиву сиёсии «ASIA-Plus»-ро нашр менамояд. Аз рӯи натиҷаҳои соли 2000 Вазорати фарҳанги ҶТ ҳафтаномаро рӯзномаи беҳтарини иттилооти зудрас ва мӯътамад номид ва соли 2001 он ба ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон қадрдонӣ шуд. Имрӯз ҳафтаномаи «ASIA-Plus» аз рӯи адади нашр ва нуфуз дар ҷомеа миёни нашрияҳои русзабони Тоҷикистон устуворона мақоми аввалро соҳиб аст. Аз моҳи январи соли 2006 барои ронандагону дӯстдорони автомобил замима ба ҳафтанома таҳти унвони «АВТО-plus» ба табъ мерасад. Аз моҳи апрели соли 2008 ҳамчунин маҷаллаи «VIPzone» низ нашр шуда истодааст.   

 

9-уми сентябри соли 2002 дар фазои пойтахти Тоҷикистон барномаҳои нахустини радиои гурӯҳи медиаи «Азия-Плюс FM» пахш гардиданд. Радио шабонарӯзӣ фаъолият дошта, аз барномаҳои иттилоотиву фароғатӣ мураттаб мегардад. Аз шунидани барномаҳои он сокинони шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи пойтахт бархӯрдоранд.

 

Аз соли 2002 дар ҳайати гурӯҳи медиаи «Азия-Плюс» студияи ТВ-продакшн амал мекунад, ки бо дастгоҳҳои замонавии рақамии навъи DVCAM таҷҳизонида шудааст. Студия тамоми навъҳои хизматрасониҳои видеоӣ, аз қабили наворҳои иттилоотӣ, филмҳои ҳуҷҷатӣ ва омӯзишӣ, наворҳои рекламавӣ ва мусиқиро пешниҳод месозад.

 

Аз соли 2001 дар ҳайати гурӯҳи медиаи «Азия-Плюс» созмони ғайриҳукуматии Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон - асри XXI» фаъолият дорад, ки аз ҷониби рӯзноманигорони оҷонсӣ таъсис дода шуда, то имрӯз дар мавриди баланд бардоштани сатҳи касбии рӯзноманигорони тоҷик беш аз 100 семинару тренингҳо баргузор кардааст. Мактаби мазкур фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо факултаҳои рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Маскав, Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ба роҳ мондааст. Ҷиҳати баргузории машғулиятҳо мактаб омӯзгорони пуртаҷрибаро аз марказҳои медиа ва рӯзноманигорони шинохтаро аз васоити ахбори оммаи Русия, ИМА, Олмон, Қазоқистон ва Қирғизистон даъват мекунад.

МИНТАҚАҲО

СУҒД – Вилояти Суғд

НТМ – Ноҳияҳои тобеи марказ

ХАТЛОН – Вилояти Хатлон

ВМКБ – Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Маҷмӯи хидматҳо Аксҳо Тамос Бойгонии мақолаҳо Робита бо мо
PR-CY.ru Locations of visitors to this page free counters

© 1997 - 2010 Оҷонсии хабарии «ASIA-Plus» (Душанбе, Тоҷикистон).
Тамоми ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд. Зимни истифодаи хабару мақолаҳои сомона таъкид ба
www.asiaplus.tj дар шакли hyperlink ҳатмист.
Тел./Факс: (+992 37) 221-72-20, 221-78-63
agency@asiaplus.tj