Дар робита ба обхезиҳои пайдарпай, ки дар аввали моҳи июни ҳамин сол ба минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон хисорот ворид намуданд, Иттиҳоди Аврупо маблағи 70,000 евро (беш аз 750000 сомони) ҷиҳати дастгирии ҷамоатҳои бештар осебдида кӯмаки башардӯстона ҷудо намуд. Кӯмак бевосита ба 2750 шахсони бештар осебдида дар баъзе ноҳияҳои аз ҳама бештар зарардидаи вилояти Хатлон ва Суғд расонида мешавад.

Маблағгузории мазкур тавассути Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) барои расондани кӯмаки фаврӣ ба аҳолӣ бо дастрас намудани ашёҳои таомпазӣ ва  асбобҳои маишӣ аз ҷумла, ашёи омода намудани хӯрок, кӯрпача, камбал, рахти хоб, сатил ва тентҳои пластикӣ равона хоҳад шуд. 

Ғайр аз ин, ба оилаҳое, ки хонаҳои онҳо пурра хароб шудаанд ё зиёни ҷиддӣ дидаанд, кӯмакпулии бебозгашт пардохт мешавад, ки он имкон медиҳад, ки онҳо талаботҳои аз ҳама зарурии худро қонеъ намоянд.  Азбаски обхезиҳо дар бисёр маврид боиси бемориҳои гуногун мегарданд, ки тавассути об мегузаранд, миёни аҳолии осебдида корҳои фаҳмондадиҳӣ оиди риояи гигиенаи аввалия гузаронида шуда, маводҳои ахборотӣ паҳн карда мешаванд, ва инчунин лавозимоти гигиенӣ барои таъмини бехатарии санитарӣ дар давоми корҳои барқароркунӣ дастрас карда мешавад.

Ин маблағгузорӣ як қисми саҳми умумии Иттиҳоди Аврупо ба "Фонди ҳолатҳои фавқуллода" мебошад, ки аз ҷониби Федератсияи Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБСС) идора карда мешавад.

Дар санаи аз 1 то 7 июн боронҳои пайдарпай боиси силсилаи обхезиҳо дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон шуданд, ки ба беш аз 6700 нафар зиён расонда ва тақрибан 1000 хонаро хароб намуд, ки беш аз 35 фоизи онҳо пурра хароб шуданд. Бештар вилоятҳои Хатлон ва Суғд зарар диданд, ки дар ҷануб ва шимоли мамлакат ҷойгиранд ва ба ин вилоятҳо беш аз 90 фоизи аҳолии осебдида рост меояд.

Ғайр аз моликияти худ ҷамоатҳои осебдида инчунин захираи хӯрокворӣ ва чорвои худро талаф кардаанд. Заминҳои кишт, ки манбаи асосии рӯзгордорӣ дар ин минтақаҳои асосан кишоварзӣ мебошанд, ба таври ҷиддӣ зарар диданд.