Бо мақсади рушд ва таҳкими ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соҳаи алоқаи ҳавоӣ, ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро бо хатсайри Душанбе – Тошканд – Душанбе барқарор намуд.

Рӯзи 28 июл ҳавопаймои навъи Боинг 737-300-и ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз Душанбе ба пойтахти Ӯзбекистон парвоз кард.

«Вақти парвоз бо ин хатсайр 45 дақиқаро ташкил дода, парвоз бо ин хатсайр ҳафтае як маротиба – рӯзҳои ҷумъа анҷом дода мешавад», - хабар доданд аз дафтари матбуоти ширкати ҳавопаймоӣ.

Ғайр аз ин, бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ширкати ҳавопаймоӣ бори нахуст дар таърихи авиатсияи гражданӣ моҳи август ният дорад, ки ба роҳандозии парвозҳо бо хатсайри Душанбе – Бухоро – Душанбе оғоз бахшад.

«Ҷузъиёти роҳандозии хатсайри мазкур алҳол мавриди омӯзишу таҳлил қарор дошта, дар бораи он ба таври иловагӣ хабар дода мешавад», - гуфт манбаъ.

Барои дарёфти маълумоти муфассал метавон ба Call-маркази ширкати ҳавопаймоӣ бо телефонҳои 44-640-40-40/49/50 муроҷиат намуд.

Қобили зикр аст, ки айни замон ширкати ҳавопайоии «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, Туркия, Чин, Русия ва Қазоқистон муваффақона анҷом медиҳад. Парки ширкат аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900 иборат аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.