Дар доираи сафари серӯза ба Тоҷикистон шоҳдухтар Заҳро Оғо Хон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф овард.

Дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ шоҳдухтарро раиси вилоят Шодихон Ҷамшед, раҳбарияти шаҳр ва намояндагони аҳли ҷомеа истиқбол намуданд. Сипас Заҳро Оғо Хон бо фаъолият ва ҷараёни амалишавии як қатор барномаҳо ва лоиҳаҳои Бунёди Оғо Хон оид ба рушд дар минтақа аз наздик шинос шуд.


Бо ин мақсад ӯ ба мавзеи Лангари ноҳияи Ишкошим омада, имрӯз аз деҳаҳои Гудараи ноҳияи Рӯшон ва Хидорҷеви ноҳияи Роштқалъа боздид мекунад ва бо ҳаёту фаъолияти сокинони ин деҳаҳо шинос мешавад.

Дар доираи ин сафар шоҳдухтар ҳамчунин бо раҳбарияти ВМКБ ва намояндагони барномаву лоиҳаҳои Бунёди Оғо Хон оид ба рушд дидору гуфтушунид анҷом медиҳад.


Шоҳдухтар Заҳро Оғо Хон духтари Волоҳазрат Шоҳзода Карим Оғо Хони IV - муассис ва раиси AKDN аст. Ӯ ҳамчунин узви Шӯрои мудирони Бунёди Оғо Хон оид ба рушд буда, ваколат ва масъулиятҳои ӯ аз раҳбарӣ ва таҳияи сиёсат дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ иборатанд.