Муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон, ки пардохтҳои иҷтимоии Русияро супоридаанд, дар оянда соҳиби нафақа хоҳанд шуд.

Дар ин бора Толиб Шарифов, сардори сарраёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ хабар дод. Ба гуфтаи вай, муҳоҷирони меҳнатие, ки танҳо тариқи иҷозат барои кор фаъолият мекунанд ва пардохтҳои иҷтимоии Русияро месупоранд, ба шарте соҳиби нафақа мешаванд, ки доимӣ дар қаламрави он давлат иқомат кунанд.

Ба гуфтаи Толиб Шарифов, муҳоҷирони тоҷике, ки тариқи патент кор мекунанд, дар оянда нафақа намегиранд.

Вай афзуд: “Он нафароне, ки дар муҳоҷирати меҳнатиянд, бояд расман ва аз тарқи иҷозат барои кор фаъолият кунанд. Ин имкон медиҳад, ки корфармо ба фонди нафақаи кишвари худ пардохтҳои иҷтимоиро адо кунад. Дар оянда тибқи қонунҳои Русия шаҳрвандони хориҷӣ ҳуқуқ доранд, ки соҳиби нафақаи ин давлат шаванд. Ба он шарте ки ҳангоми кор ба таври доимӣ дар ин давлат иқомат кунанд. Аксари шаҳрвандони мо муваққатан кор мекунанд. Онҳое, ки муваққатан ба кор мераванд ва боз бармегарданд, агар тариқи иҷозат барои кор меҳнат кунанд ҳам, соҳиби нафақаи Русия шуда наметавонанд”.

Ба гуфтаи Толиб Шарифов, Хадамоти муҳоҷирати назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ масъалагузорӣ кардааст, ки ҳамкории фонди нафақаи Тоҷикистонро бо фонди нафақаи Федератсияи Русия ба роҳ монад. Ҳадаф аз он ҳосил кардани мувофиқа дар мавриди ба ҷумҳуриямон интиқол додани як қисми маблағҳое мебошад, ки аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон ба фонди нафақаи Русия ворид мешавад. Ба ин тариқ, дар оянда он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия кор кардаанд ва пардохтҳои иҷтимоиро супоридаанд, дар ватани худ нафақа гирифта метавонанд.

Муҳоҷирати меҳнатии аҳолии Тоҷикистон ба Русия ва дигар кишварҳо бештар хусусияти мавсимӣ дорад. Шаҳристон Набиева, намояндаи Иттиҳодияи ҷамъиятии “Занҳои деҳот” изҳори нигаронӣ кард, ки муҳоҷирони Тоҷикистон асосан дар Русия муваққатан кор мекунанд ва давлат бояд барои онҳо нафақа муайян созад. Зеро имрӯз мардону занони тоҷик қувваи кор карданро доранд ва бо ҳар роҳе талош меварзанд, ки оилаи худро таъмин кунанд. Давлат наметавонад онҳоро дар дохил бо кор таъмин созад. Пас, бояд баъд аз расидан ба синни нафақа ин шаҳрвандон, ки қувваи кориро аз даст медиҳанд, аз ҷониби давлат дастгирӣ ёбанд.