Гидроагрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии Роғун аз 31 майи соли равон ба кор дароварда шуда, дар он озмоишҳо чараён доранд, қайд мешавад дар сомонаи ширкати украинии «Днепр-Спецгидроэнергомонтаж».

Дар маълумоти ширкат гуфта мешавад, корҳои васлу насби чархаи дуюми (№5) нерӯгоҳ муваффақона ба анҷом расидаанд.

Агрегати якуми нерӯгоҳи Роғун низ (№6) аз ҷониби ҳамин ширкат моҳи ноябри соли гузашта васлу насб ва мавриди истифода қарор гирифта буд.

Барои ба кор даровардани ду агрегат раҳбарияти нерӯгоҳ ба ширкати украинӣ миннатдорӣ изҳор намуд.

Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки корҳои васлу насби агрегати дуюм (№5) охири моҳи март ба итмом расида, моҳи апрели ҳамин сол он ба истифода дода мешавад.

Интизорӣ мерафт, ки агрегати дуюм низ мисли агрегати якум дар марҳилаҳои аввал бо фишори паст кор хоҳад кард.

Маросими расмии ба истифода додани агрегати аввал (№6)-и нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” 16 ноябри соли гузашта дар вазъияти тантанавӣ бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд.

Зикр гардида буд, ки генератор муваққатан кор мекунад: он барои иқтидори то 390 МВт пешбинӣ гардида, баъдан бо механизими иқтидори 600 МВт иваз мешавад.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ, соли гузашта тӯли 45 рӯзи кори агрегати аввали нерӯгоҳи Роғун дар он беш аз 90 млн. киловатт-соат нерӯи барқ истеҳсол шуд, ки 3 баробар зиёд аз барқи истеҳсолшуда тӯли 1 сол дар ҳамаи нерӯгоҳҳо хурди кишвар мебошад.

Аммо мувофиқи баъзе маълумот, кори агрегати аввали моҳи ноябр мавриди истифода қароргирифта аввали моҳи март боздошта шуд. Дар сохторҳои марбутаи энергетикии кишвар сабаби инро ба корҳои таъмиру ошкор намудани нуқсонҳо дар қисмҳои гидроагрегат нисбат медиҳанд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паём ба парлумони кишвар қайд кард, ки аз оғози сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар ин иншоот аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 24 млрд. сомонӣ азхуд шудааст.

Тибқи маълумоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ, соли равон ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун аз буҷет ҷудо шудани 2,1 млрд. сомонӣ (беш аз 222 млн. доллар) маблағ пешбинӣ шудааст. Дар ин самт ҳамчунин оид ба ҷалби захираҳои имтиёзии ниҳодҳои молиявии байнулилалӣ низ корҳо роҳандозӣ шудаанд.

Чанде қабл муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев зимни вохӯрӣ бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ аз ин ниҳоди бонуфузи молии сатҳи ҷаҳонӣ даъват ба амал овард, ки ҷиҳати ҷалби сармоягузорӣ ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун мусоидат намоянд.

Нерӯгоҳи Роғун

Нахустин аз шаш агрегати нерӯгоҳи Роғун 16 ноябри соли равон ба истифода дода шуд. Дар марҳилаи аввал (бо назардошти сатҳи об дар обанбор) агрегат ба ҳисоби миёна бо иқтидори 100 МВт кор хоҳад кард, яъне дар як соат 100 ҳазор киловатт нерӯи барқ истеҳсол мекунад.

Анҷоми сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун соли 2033 ба нақша гирифта шуда, баландии сарбанди иншоот то ба 335 метр расонида мешавад. Айни замон баландии сарбанд 75 метрро ташкил медиҳад.

Пас аз анҷоми пурраи корҳои сохтмон, нерӯгоҳи Роғун бузургтарин нерӯгоҳи барқии обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ хоҳад шуд, ки иқтидори он (3600 МВт) ба иқтидори 3 блоки энергетикии нерӯгоҳи барқии атомӣ баробар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.