Бозигари дастаи «Реал» (Испания) ва мунтахаби футболи Португалия Криштиану Роналду дар рейтинги бойтарин афроди номдори Аврупо дар соли 2017 дар нашрияи Forbes зинаи дуюмро ишғол кардааст, менависад «Р-Спорт».

Дар раддабандии мазкур мақоми аввалро нависандаи англис Ҷоан Роулинг касб кардааст, ки соли 2017 даромадаш дар ҳаҷми 95 млн. доллар (бидуни ҳисоби андозу комиссия) арзёбӣ шудааст.

Криштиану Роналду бо даромади 93 млн. доллар дар мақоми дуюм ва гурӯҳи мусиқии британии Coldplay бо маблағи 88 млн. доллар дар ҷойи сеюм қарор доранд.